Ба гузориши агентии хабарии Абна ба нақл аз сомонаи рӯзномаи Ал-Қудс ал-Арабӣ, дар миёни авҷ гирифтани шиддатҳои сиёсӣ ва низомӣ дар бораи созише, ки қарор аст рӯзи ҷумъаи оянда миёни Теҳрон ва Вашингтон дар Швейтсария имзо шавад, шабакаи 12-уми телевизиони Исроил гузориш дод, ки Исроил аз Вашингтон ҷузъиёти созишро хостааст, аммо дархости он рад шудааст.
Мувофиқи даъвои ин шабака, ин маънои онро дорад, ки Тел-Авив бо вуҷуди наздик шудан ба санаи имзо, аз нусхаи пурра ва ниҳоии ин ёддошти тафоҳум беиттилоъ аст.
Ин шабака қайд кард, ки Доналд Трамп, президенти ИМА уҳдадор шудааст, ки ин санадро «калима ба калима» бихонад, бе он ки мушаххас кунад, ки ҷузъиёти он кай интишор хоҳад шуд.
Дар ҳоле ки баъзе расонаҳо гумонзанӣ ҳо дар бораи муқаррароти ин созиш доранд, ҳукумати ИМА то ҳол ҳеҷ эълони расмӣ дар бораи ҷузъиёти ин созиш накардааст.
Your Comment